Тақвияти қурби рубл дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Коҳиши бесобиқаи қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта 10 рубл бо 0,76 сомонӣ харидорӣ мешуд, ба поён расид.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Арзиши рубл дар Тоҷикистон пас аз уфти бесобиқа ва таърихии он, рӯ ба афзоиш дорад, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии БМТ.

Тайи рӯзҳои 16 ва 17-уми декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе 10  рубл ҳамагӣ 0,64  то 0,66 сомонӣ арзиш дошт. Чанд рӯзи пеш аз он бошад, 1000 рубли русӣ дар Душанбе аз 92 то 97 сомонӣ фурӯхта мешуд.Коршиносон ин вазъро пайомади арзоншавии нафт ва таҳримоти Ғарб алайҳи Русия арзёбӣ карданд.

Бонки миллии Тоҷикистон менависад, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳафтаи равон қурби долл. ИМА паст шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,4200-5,4500 сомонӣ расид.

Дар баробари ин, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ баланд шуда, 0,0960-0,0980 сомонӣ ба як рубли русӣ, қурби миёнаи амалиётҳо бо евро бошад, каме паст шуда, 6,7050-6,7250 сомонӣ ба як евро баробар шуд",-омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0