Сарбозони пойгоҳи 201-ро, ки гумонбари кушторанд, ба Душанбе оварданд

© Sputnik / Сергей ПятаковНизомӣ
Низомӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сарбози ВМ Русияро, ки мақомоти Тоҷикистон дар қатли таксист гумонбар медонанд, пас аз анҷоми ташхиси тиббӣ аз ФР ба Душанбе оварданд.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Бар пояи ташхиси тиббӣ, ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия, ки дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам дониста мешаванд, аз ҷиҳати равонӣ солим будаанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Сарбози пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ки дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев, муттаҳам мешаванд, шоми рӯзи панҷшанбе бо ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Душанбе интиқол дода шуданд ва ташхиси равонии онҳо нишон додааст, ки саломатанд ва ҳеҷ мушкили равонӣ надоштаанд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев ба Озодӣ гуфтанд, ки шоми дирӯз вақте, ки сарбозони пойгоҳи 201 Сахапов ва Басимовро ба Душанбе оварданд, онҳо бо хулосаи тиббии Ташхисгоҳи низомии Екатеринбург ошно шудаанд, ки мувофиқи он, ҳарду сарбоз аз нигоҳи равони сиҳатастанд.

"Вақте ки сарбозонро оварданд, дар фурудгоҳи Душанбе муфаттишони пойгоҳи 201-ум онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд ва гуфтанд, ки ҳеч масъалае дар мавриди саломатии равонии онҳо набудааст ва санади хулосаи ташхисро ҳам ба мо нишон доданд",- иброз доштааст яке аз пайвандони таксисти мақтул.

Ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26-уми августи соли равон баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19-уми август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштанд.

Ба иттилои манбаъ, Фёдор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 ҳазор рубл қарздор будааст. Баъдан, бо маслиҳати пешакӣ ин ду сарбоз таксистро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл ӯро ба қатл мерасонанд.  

Раҳимҷон Тешабоеви 36-сола, сокини хоҷагии "Варзоб" дар наздикии маҳаллаи Гипрозем ба сар мебурд ва бо рондани таксӣ зиндагии хонавода ва се фарзандашро таъмин мекард.  

 

Лентаи хабарҳо
0