ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Беш аз 300 килограмм маводи нашъаовар аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон рӯзи 25 декабр сӯзонида шуд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.
Ин мавод дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ оташ дода шуд. Аз ин миқдор маводи сӯзонидашуда каннабис — 170 кг, афюн — 122 кг ва героин 8 килограмро ташкил медод. Маводи нашъаоваре, ки имрӯз сӯзонида шуд, ба 16 парвандаи ҷиноӣ рабт дорад, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст.
Сомона менависад чорабиниҳои сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ ба таври мунтазам пас аз баромадани ҳукми додгоҳ анҷом дода мешавад.