Ҳалокати як сокини Сент-Луис аз тири полис

© SputnikАмалиёти вижа барои боздошти гумонбарон дар амалҳои террористии Бостон. Акс аз бойгонӣ
Амалиёти вижа барои боздошти гумонбарон дар амалҳои террористии Бостон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъият дар ин шаҳри амрикоӣ ноором боқӣ мемонад. Пас аз он ки полис дар назди НФС як ҷавони сиёҳпӯстро ба ҳалокат расонд, бетартибиҳои оммавӣ шурӯъ шуданд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Сент-Луиси иёлати Миссури дар пайи тирпарронии пулис  як  нафар ҳалоку ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд, менависад РИА Новости.

Ҳодиса дар назди яке аз фурӯшгоҳҳои шабонарӯзии ин шаҳри амрикоӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳоли ҳозир гуруҳаи вижаи тафтишотӣ (детективӣ) ба маҳалли воқеъа омада, таҳқиқот оғоз гардидааст.

Моҳи ноябр ҳайати мунсифа корманди полисеро, ки тобистон навраси сиёҳпӯст — Майкл Браунро аз зарби тир кушта буд, сафед карданд. Афроди норозӣ аз ҳукм биноҳо ва мошинҳои полисро оташ зада, мағозаҳоро ғорат карданд. Корманди полис дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ӯ барои он аз силоҳ истифода кард, ки дар рафтори Браун барои ҷони худ таҳдидро эҳсос намуд. Аммо хонаводаи Браун мутмаин аст, ки корманди полис Майклро бидуни далел ҳадафи тир қарор додааст.

Шоми сешанбеи ҳафтаи равон бошад, дар канори шаҳри Сент-Луис аз зарби тири полис боз як ҷавони 18-солаи сиёҳпӯст ба ҳалокат расида, мунҷар ба нооромӣ гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0