Коршиносон: фишорҳо ба имиҷи ҲНИТ таъсир расонида натавонистанд

© Sputnik / Амир ИсаевДафтари марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дафтари марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Новобаста аз фишору таҳдидҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон побарҷо монд ва сиёсати қаблиашро идома медиҳад.

Душанбе, 24 дек — Sputnik. ҲНИТ дар соли равон ҳам новобаста аз фишору таҳдидҳо ва тазйиқҳои равонии аъзоёнаш тавонист побарҷо биистад ва аз сиёсати пешгирифтааш ҳимоят кунад, менависад сомонаи расмии ин ташкилоти сиёсӣ дар такя ба ҳарфи коршиносон.

Ба назари ҳуқуқшинос Комёб Ҷалилов дар соли 2014 ҲНИТ бурду бохт ва мушкилоти зиёдеро пушти сар кард. " Ҳар касро, ки танқид кунанд эътибору обрӯяш дар назди ҷамъият боло мешавад. ҲНИТ чун дигар ҳизбҳо ҳизби конститутсионӣ буда, мувофиқи қонун ташкил шудааст. Ва ҳуқуқ дорад, ки фаъолият кунад. Ва мақсади ҳар як гурӯҳ, ҳар як ҳизбе, ки ташкил мешавад, ин пеш аз ҳама ҳокимият аст ва ин ҳизб ҳам ин мақсадро дорад. Бурду бохти ҲНИТ дар соли 2014 зиёд буд, масалан дар интернету рӯзномаҳо бинем, ки баъзе аъзоёни ҳизб имиҷ ба ҳизб доданд. Каме обрӯю эътибори ҳизбро дар миёни мардум зиёдтар карданд. Аз он ки номаш исломӣ аст ин ягон ҷои бадӣ надорад.   Ба фикри ман бурду бохти ҲНИТ дар соли равон баробар буд"- мегӯяд Ҷалилов.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик Файзинисо Воҳидова мегӯяд, соли 2014 барои ҲНИТ соли вазнину мушкиле буд ва на ҳар як ҷамъият ё ашхос имкони таҳаммули ин ҳамаро дорад. " Аммо ҲНИТ ин ҳамаро таҳаммул кард, вақте дар минтақаҳо бинои дафтархонаи бахшҳоро ба таври ғайриқонунию рейдерӣ валангор карданд, вақте ки чанд нафар узвашро бо ҳангомаи сунъӣ равони зиндон карданд, вақте ки узвашро кормандони милиса шиканҷа карданду ниҳоят куштанд. Вақте ки ба афроди тасодуфӣ риши сунъӣ часпонда узви ҲНИТ муаррифӣ карданд, вақте ки аз хатиби масҷиди давлатӣ, ки зинокору фаҳш будааст, ҳамчун аъзои наҳзат ном бурданд, вақте аз ҷангиёни Сурия ва террористу ифротгаро узви наҳзат сохтанд. Вақте  ки пешвои ҳизбро тухму помидор борон карданд, вақте ки паёмрасони президенро дар Бадахшон лату кӯб карданд… ин ҳамаро ҲНИТ таҳаммул карду аз сабурӣ кор гирифт. Маҳз бо ин таҳаммулкорию сабурӣ ҲНИТ бурд кард. Бо ин ҳама бурду бохтҳо ҲНИТ дар соли 2014 ба чандин маротиб зиёд обрӯю нуфузи худро боло бурд ва барои ин маҳз аз ҷониби мақомот созмон додани фабрикаи ҷавоб, ки ба он ҳатто олимону академикҳо шомил буданд ва барномаҳои телевизионии антинаҳзат мусоидат намуданд",-меафзояд Воҳидова.

Собиқ номзади сабтиномнашуда ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова бошад, илова мекунад, ки чанд сол боз ҲНИТ зери фишор аст, вале ман фикр намекунам, ки ин барои ҳизб ягон навигарӣ бошад. " ҲНИТ хеле солҳои зиёде ҳаст, ки мактаби муҳофизат карданро аллакай омӯхтааст. Ва барномаи худро ҳам доранд, яъне онҳо имрӯзро фикр намекунанд, балки ояндаро ҳам фикр мекунанд. Баъзан хомӯш меистанд, баъзан сухан мегӯянд, аммо ба ҳар ҳол ҳамин фишорҳоро худи Муҳиддин Кабирӣ чун популист истифода намебарад. Бубинед, вақте ки ӯро дар Кӯлоб бо тухму помидор мезаданд, ӯ бо шӯхӣ ҷавоб медод. Ва ӯ аз ин чизҳои майда чуйда хеле баланд аст. Аммо аз ин чизҳо баъзеҳо метавонистанд хеле доду фиғон кунанд, Кабирӣ бошад, ин корро накард, ки ин бурди ҳизб мебошад ва як сардоре дорад, ки хеле таҳаммул дорад. Яъне, аз ҳар хел муборизаву амншиканиҳо баландтар аст. Кабирӣ онҳоро ба суд надод, аммо ба ҳар ҳол он ҷо мурифиаи судӣ ҳам шуд ва чанд нафарро ҷарима ситониданд, ки ин бурди ҲНИТ аст",- қайд намуд ӯ.

ҲНИТ танҳо созмони сиёсии расмии динӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки дар соли 1973 аз сӯи Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси фақиди ҳизб, таъсис дода шудааст. Ин ҳизб бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекардааст. Дар соли 1991 ин ҳизб нахустин бор ба таври расмӣ сабти ном шуд, вале бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992, фаъъолияти ҲНИТ мамнӯъ карда шуд. Масъулони ҳизб дар Афғонистон ва Эрону Покистон паноҳанда шуданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИТ артиши худро ташкил кард ва то соли 1997, замони имзои Созишномаи умумии сулҳ, муборизаи низомиро алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон идома дод.

Соли 1999 дигарбора расман сабти ном шуд ва ба фаъъолият дар қаламрави кишвар оғоз кард. Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар сафҳои худ  беш аз 45 ҳазор узв гирд овардааст ва ду намоянда дар порлумони кишвар дорад. Ҳоло роҳбарии ин ташкилоти сиёсиро Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш дорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0