ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон гуфтааст, дар соли ҷорӣ 61 корхонаи вилоят аз фаъолият боз мондааст, менависад нашрияи Ҷумҳурият.
Дар ин бора Гулмаҳмадзода зимни иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон доир ба ҳисоботи бурду бохти иҷтимоиву иқтисодии вилоят, суҳбат кардааст.
"Дар 11 моҳи соли равон аз 518 корхонаи саноатӣ 61 — тояш фаъолият накарда, 111 корхона истеҳсолро нисбатан коҳиш додааст", — афзудааст раиси вилоят.
Ҳамзамон дар ин давра кормандони мақомоти андоз аз имкониятҳо истифодаи дуруст накардаанд. То 1-уми декабр маблағи бақияпулиҳои андоз 126,1 миллион сомониро ташкил додааст.
Бештари камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ, Шӯрообод ва Хуросон ҷой доштаанд.
Гулмаҳмадзода аз сари вақт напардохтани музди меҳнати кормандон низ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, қарзи вилоят ба 16,9 миллион сомонӣ баробар шудааст.
"Чунин тарзи коргузорӣ хилофи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба меҳнат мебошад", — афзуд раиси вилоят.
Ҳамчунин дар ин давра, вилоят каме бештар аз 83 дарсади нақшаи пахтаро тахъмин кардааст.