Душанбе, 24 дек — Sputnik. Ҷамшед Махсумов, нимҳимоятгари мунтахаби футболи ҷавонони кишвар мавриди санҷиши мутахассисони Академияи футболи "Спартак"-и Маскав ба номи Фёдор Черенков қарор дорад, менависад сомонаи ФФТ.
Ба гуфти худи ӯ, тарбиягирандагони Академияи "Спартак" ба таътили зимистона баромадаанд ва пас аз таҷлили Соли Нав, яъне 12 январ ба тамринот шурӯъ мекунанд. Бозигари 15-солаи тоҷик аснои мусоҳиба бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) иброз доштааст, ки аз санҷиш хоҳад гузашт ва дар Академияи мазкур таҳсилу тамринро идома медиҳад.
Ҷамшед Махсумов мавсими футболи соли 2014-ро дар ҳайати дуввуми тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон пушти сар карда, медали тиллои сабқати ҷавононро ба даст овардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби футболи ҷавонони ҷумҳурӣ низ дар мусобиқоти қаҳрамонии "Осиё-2014" ширкат кардааст. Дар бозии санҷишии "Спартак" (ҳайати дуввум) бо ФШМ ҳунарнамоӣ дошт ва ин вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи "Спартак" анҷом ёфтааст.
Тими "Истиқлол"-и Душанбе барои севвумин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ (соли 2014) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашта, соҳиби медалҳои тилло гардид.