Ӯзбакистон ташаббуси ҶТ-ро дар мавриди “даҳсолаи об” ҷонибдорӣ накард

© Sputnik / А. ГорячевОбанбори Норак дар дарёи Вахш
Обанбори Норак дар дарёи Вахш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқдоми мазкури Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ онро пазируфтанд. Аммо дар ин рӯйхат Ӯзбакистон нест.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро таҳти унвони  «Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт"барои солҳои  2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об" бо иттифоқи оро қабул кард, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКХ ҶТ.

"Қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд"-менависад манбаъ.

Иқдоми мазкури Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия… ва Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман, Ҷопон ба рӯйхати ҳаммуалифони он дохил гардидаанд.

"Тибқи ин  қатънома ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи Даҳсолаи амал "Об барои ҳаёт 2005-2015" ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд,  яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) ва дигаре дар Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шудааст",- меафзояд сарчашма.

Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об" идомаи иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти устувори захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0