ҲНИТ: Вазорати адлия ба мо намегӯяд, ки дар куҷо ҷаласа гузаронем

© Sputnik / Игорь ЛекаркинВазорати адлияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Вазорати адлияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати адлияи ҶТ дар номаи ҷавобии худ унвони ҲНИТ навишт, ки масъалаи ҷудо кардани ҷой ва макони баргузории чорабинии аҳзоб ба ваколати онҳо мансуб нест.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазорати длия зимни номае бо имзои муовини вазири ин ниҳод ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оиди баргузории ҷаласаҳои моҳона дар сатҳи бахшҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ҷавоби рад дода, гуфт, ки ҳалли он берун аз ваколати вазорат мебошад, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳизб.

Қаблан, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номае ба унвонии вазирати адлия навишт, "ҲНИТ мувофиқи Оинномаи худ бояд ҳар моҳ ҷаласаҳои бахшҳои ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтодии худро баргузор намояд. Азбаски мушкил дар дафтари корӣ аст, масъулин ва аъзои ҳизб чунин ҷаласаҳоро дар манзилҳои шахсии хеш доир менамоянд, ки дучори мушкил ва монеагузориҳо аз тарафи намояндагони мақомоти гуногуни маҳҳалӣ қарор мегиранд." Аз ин рӯ, ҲНИТ дар номаи хеш суол кард, ки "дар сурати надоштани дафтари корӣ, ҲНИТ фаъолияти худро дар мавриди гузаронидани ҷаласаҳои корӣ дар сатҳи бахшҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ чӣ гуна ба роҳ монад.

"Ба ваколати Вазорати адлия ибрози андеша намудан ҷиҳати масъалаҳое, ки дар мактуби Шумо дарҷ гардидаанд, мансуб намебошад",- посух додааст вазорати адлия.

Масъалаи эҷоди маҳдудиятҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои бахшҳо ва тишкилотҳои ибтидоии ҳизб дар ҷаласаи моҳонаи иҷроияи ҳизб, ки дар таърихи 8-уми сентябр бо ширкати роҳбарияти ҳизб дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор гардида буд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ҳамин ҷаласаи моҳона дастур дода шуда буд, ки дар ин маврид ба унвонии вазорати адлия номаи расмӣ ирсол гардад, то ин ниҳоди назораткунандаи фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар паҳлӯҳои қонунии масъаларо шарҳ диҳад.

Лентаи хабарҳо
0