ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Кормандони мақомоти умури дохила сокини 27-солаи Душанберо, ки дар пайи мастӣ ба як ҳамқадаҳи худ ҳамла кардааст, боздошт кардаанд. Дар ин бора сомонаи ВКД ҶТ рӯзи 23 декабр иттилоъ дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 22-юми декабр Евгений Волков, сокини 27-солаи Душанбе дар ҳолати мастӣ бо Агаджанов Григорий, сокини 47-солаи пойтахт муноқиша карда, якчанд маротиба бо шишаи арақ ба сараш задааст.
"Дар натиҷа шаҳрванд Агаджанов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-менависад манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.