ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Мухолифини мусаллаҳи афғон, ки чаҳор "марзбони" тоҷикро рабудаанд, дар ивази раҳоии онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, то ду нафар ҷангӯро раҳо кунад, менависад Радиои Озодӣ.
Амонуддин Қурайшӣ, яке аз намояндагони расмии вилояти Қундузи Афғонистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, ду нафаре, ки аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоияшон тақозо мешавад, барои Толибон афроди муҳим ба ҳисоб мераванд ва дар сохтани минаҳо маҳорат доранд.
"Ин чаҳор нафар марзбони кишвари Тоҷикистон дар дохили хоки Афғонистон дар ҷангал аз сӯи мухолифони мусаллаҳ асир гирифта шудаанд. Мо саъй ва талоши худро намудем ва мӯйсафедонро фиристодем, вале ҳеҷ натиҷа надод. Қарори иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷикистонӣ, аз кишвари Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд", — гуфтааст Қурайшӣ.
Бо гузашти чаҳор рӯз аз рабуда шудани чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон дар шимоли Афғонистон, аз онҳо хабаре нест. Гурӯҳи мусаллаҳ шомгоҳи ҷумъа ин афродро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба асорат бурданд. Мақомоти тоҷик рӯзи 22 декабр гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир музокирот барои раҳоии ин афрод идома дорад.