ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ширкати Apple бо аз сар гирифтани фаъолияти мағозаҳои онлайн-фурӯши таҷҳизоташон дар Русия арзиши смартфонҳои тамғаи " iPhone"-ро қариб 35 % боло бурд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Ҳамин тавр, iPhone 6, ки қаблан бо нархи 39,9 ҳазор рубл фурӯхта мешуд, ҳоло 53,9 ҳазор рубл арзиш пайдо кардааст, нархи iPhone 6 Plus бошад, ба 61,9 ҳазор рубл баробар шуд.
Элдар Муртазин, коршиноси "Mobile Research Group" мӯътақид аст, ки нархи фурӯши чаканаи ин таҷҳизот дар саросари Русия боло хоҳад рафт.
Ҳафтаи гузашта дар пайи коҳиши қурби миллии Русия мағозаҳои марбути ширкати Apple дари худро бастанд. Намояндаи ширкати амрикоӣ дар шарҳи қазия гуфт, бо сабаби калавиши қурби рубл бояд нархгузории таҷҳизот танзим шавад.
Apple ҳанӯз аз 26-уми ноябр нархи маҳсулоти худро дар Русия боло бурда буд. Он вақт арзиши смартфонҳо то 15-20 % зиёд гардиданд. Аз 16 декабри соли равон бошад, ширкати кореягии Samsung нархи телефонҳои мобилии тамғаи "Galaxy"-ро дар Русия зиёд карда буд.