ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори "Ином"-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент баҳси додгоҳӣ дорад, дар қасди нест кардани ин бозор муттаҳам мешавад, хабар медиҳад "Озодагон".
Ином Абдуллоев, писари соҳибкор рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфтааст, полиси вилояти Хатлон падари ӯро боздошт карда, дар он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё барои сузонидани бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритӯс дастур дода бошад.
"Пулиси ноҳия берун аз бозор ду нафарро боздошт кардааст, ки онҳо дар даст 8 шиша бензин дошта, гӯиё бо дастури падарам мехостаанд, бозорро оташ зананд", — афзудааст Ином Абдуллоев.
Ба гуфтаи Абдуллоев, падараш дар ҳоле ба сӯзонидани бозор айбдор мешавад, ки ҳамроҳи ҳамсар ва вакили дифои хонаводагиашон тӯли беш аз як ҳафта ба хотири баҳсҳои додгоҳӣ барои ин бозор дар шаҳри Душанбе қарор доштаанд. Наздикони Бурҳон Абдуллоев мегӯянд, ӯ рӯзи 19 декабри соли равон аз назди бинои Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд.
Ҳоло Бурҳон Абдуллоев дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон нигаҳдорӣ шуда, давоми беш аз се шабонарӯз танҳо вакили дифои хонаводиашон иҷозаи дидор бо ӯро дарёфт кардааст.
Абдуллоев 19 декабри соли равон аз назди бинои Додгоҳи олии иқтисодии кишвар дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар — Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50% ба 50% тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.