Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар як ҳамоиши хабарнигорони соҳаи варзиш, ки рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2014 эълон гардид.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари тоҷик дар соли 2014 эълон кард, менависад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Исми 10 варзишгари беҳтарини сол дар Тоҷикистон аз сӯи АЖВТ рӯзи 20 декабр эълон шуд.

"Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид. Вай имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севвум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд",- мегӯяд Назрулло Латипов, президенти АЖВТ.

Ба гуфти ӯ, барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:

  • Залимхон Юсупов  (гӯштини озод)- ҷойи 2-юм дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
  • Фарҳод Неъматов  (таэквондо ВТФ) — ҷойи 3-юм дар вазни то 80 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
  • Алишер Гулов (таэквондо ВТФ) — ҷойи 3-юм дар вазни + 87 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
  • Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) — ҷойи 3-юм дар вазни +73 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
  • Комроншоҳи Устопириён  (дзюдо)- ғолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Остонаи Қазоқистон.
  • Хушқадам Хусравов (самбо) — ҷойи 2-юм дар вазни то 62 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойи 1-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд.
  • Акмалиддин Каримов (самбо) —  ҷойи 3-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар Гран-при дар Русия, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Булғористон.
  • Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (кураш)- ҷойи 1-ум дар вазни +90 кг дар  Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайланд.
  • Акмал Қодиров (армрестлинг)- ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар вазни +90 кг дар  чемпионати ҷаҳон байни маъюбон дар Полша (Лаҳистон).

"Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тоҷик дар чемпионати Осиё дар риштаҳои олимпӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст наёфтааст",-афзуд Латипов.

Лентаи хабарҳо
0