Анҷумани ҲСДТ барои як ҳафтаи дигар ба таъхир афтод

© Sputnik В зале для собраний. Архивное фото
В зале для собраний. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳматулло Зойиров гуфтааст, ки агар толори муносиб пайдо нашуд, анҷуманро дар қароргоҳи ҳизб баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Анҷумани қаблазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки қарор буд рӯзи 20 декабр баргузор шавад, бинобар пайдо накардани толор, барои як ҳафта ба таъхир уфтодааст, менависад Радиои Озодӣ.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ин ҳизб гуфтааст, баъди он, ки Иттифоқҳои касабаи Душанбе барои баргузории анҷумани ҳизб аз додани толор даст кашид, то кунун толоре пайдо накарданд ва маҷбур шудаанд рӯзи баргузории анҷуманро ба 27 декабр таъин кунанд.

"Ҳатто 27 декабр ҳам дақиқ нест, ки анҷуманро дар куҷо баргузор кунем, чунки ба муроҷиатҳои пайдарпайи мо посух намедиҳанд. Агар то 27 декабр толори муносиб пайдо карда нашуд, имкон дорад дар қароргоҳи ҳизб анҷуманро баргузор кунем", — гуфтааст Зоиров.

Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, онҳо қаблан бо масъулони Иттифоқҳои касаба барои баргузории анҷуман қарордод ба имзо расонида ва барои иҷораи толор 1300 сомонӣ пардохт карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0