ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Шаби 19-уми декабр ашхоси номаълум вориди дафтари ҲНИТ дар шаҳри Исфара гардида, мӯҳрро рабудаанд, менависад сомонаи ҳизб.
Абдусаттор Бобоев, муовини раиси ҲНИТ дар ноҳияи Исфара ин далелро тайид кардааст.
"Субҳи имрӯз ҳангоми ба идора ворид шудан дидам, ки дари ҳуҷраи корӣ шикаста шудаасту ҳуҷҷатҳо ва мӯҳри ин бахш нест. Мо ба милисаи шаҳр муроҷиат кардем ва мунтазири омадани онҳо ҳастем",-гуфт ӯ.
Муовини раиси ҲНИТ дар шаҳри Исфара афзуд, ин дар ҳолест, ки тамоми идораҳои давлативу ғайридавлатӣ нигаҳбон дошта ворид шудан ба онҳо кори осон нест. Агар ҳадафи ғоратгарон дуздиву расидан ба сарват мебуд шояд дар утоқҳои кормандони андоз осонтару беҳтар ба ҳадафашон мерасиданд.
Дар арафаи баргузории интихоботи парлумонӣ чунин амалҳо метавонанд кори дасти касоне бошанд, ки мехоҳанд аз ҳоло натиҷаи интихоботро зери савол баранд.