“ТАЛКО” истифодаи нерӯи барқро коҳиш дод

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКорхонаи алюмини Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Корхонаи алюмини Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати алюминии Тоҷикистон истифодаи нерӯи барқро аз ҳисоби роҳандозии синтези газ аз ангишт, ду баробар коҳиш дод

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бо коҳиши тадриҷии истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) тавлиди барқ низ дар Тоҷикистон сар аз моҳи ноябри соли 2014 коҳиш ёфтаст, омадааст дар гузориши "Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон".

Истгоҳҳои барқии Тоҷикистон дар моҳи ноябр 2,2 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид кардаанд, ки нисбат ба моҳи октябри ҳамин сол 21,2% бештар, аммо нисбат ба моҳи ноябри соли 2013 18,6 миллиард киловатт соат камтар арзёбӣ мешавад. Муаллифони гузориш ин коҳишёбиро бо коҳиши истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ширати ягонаи алюминии Осиёи Марказӣ "ТАЛКО" рабт медиҳанд.

Тибқи иттилои гузориши моҳонаи "Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҳия шудааст, дар моҳи ноябр ҳамарӯза "ТАЛКО" ба ҳисоби миёна 6 миллион киловатт соат нерӯи барқ истифода кардааст. Ин рақам ду баробар камтар аз нишондоди ҳамин давраи соли 2013 арзёбӣ мегардад. Бар асоси гузориш, дар ҳамин давраи соли гузашта "ТАЛКО" шабонарӯз 13 миллион киловатт соат нерӯи барқ сарф мекард.

Дар гузориш омадааст, ки коҳиши истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби "ТАЛКО" марбут ба камшавии тавлиди алюмин дар ин корхона аст. Камшавии тавлиди алюминро ба коҳиши қиммати ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ рабт медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0