ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ҷасади ҳашт кӯдак, ки бо корд кушта шудаанд дар яке аз хонаҳои шаҳри Кэрнси Австралия пайдо шудааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Полис баъд аз занги телефонии як зан, ки бо душворӣ ҳарф мезад ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудааст. Айни замон ҷабрдида дар беморхона бистарӣ аст ва ба тафтишоти қазия кӯмак мекунад.
Ҳодисаи мазкур дар Кэрнс, дар пасманзари шиддат ёфтани чораҳои амниятӣ дар робита ба ворид гардидани гурӯҳҳои ифротгаро ба Австралия ба вуқӯъ пайвастааст.
Рӯзи чоршанбеи гузашта, як эронии муқими ин кишвар дар маркази Сидней 17 нафарро дар қаҳвахонаи мавсум ба Lindt гаравгон гирифта, онҳоро маҷбур сохтааст, ки аз тирезаи бино байрақи "Давлати исломӣ"-ро овезон кунанд. Аснои амалиёти пулис се нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ба касалхона интиқол ёфтанд. Миёни кушташудагон ҷинояткори эронӣ низ буд.