ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шодӣ Шабдолов, вакили Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили МН рӯзи 17-уми декабр дар баррасии парлумонии Созишномаи байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм дар ин бора ибрози назар кард, менависад оҷонсии маҳаллии Тоҷнюс.
Шабдолов, ба фарқ аз вакилони дигар, ки созишномаро мавриди баҳс қарор надоданд, аз ҳаводиси Украина ёд карда, онро ба таҳлил гирифт.
"Ҳодисаҳое, ки дар Украина шуд, кишварҳои Балтикаро бинед, ҳама маълум аст, ки кори дасти кӣ аст. Аммо ин ҳамаро бо террористону терроризм часпонидан, дуруст нест" —гуфт вакили ҲКТ.
Шабдолов дар идомаи суханрониаш афзуд, вақте болои мардум ракета мепартоянд, инро демократия мехонанд.
"Аммо вақте, ки мардум барои ҳифзи миллат ва ҳуқуқӣ худ яроқ мегирад, онҳоро террорист мехонанд., ҳатто инқилобҳоро ҳам ҳоло хислати террристӣ медиҳанд, ин чӣ маънӣ дорад?!",-илова кард ӯ.
Искандар Солеҳзода, муовини вазири корҳои дохилӣ зимни шарҳи мӯҳтавои ин Созишнома гуфт: "Тибқи ин санад ҷонибҳо иттилоъи маҳрамонаро дар мавриди гурӯҳҳои террористӣ ва ширкати эҳтимолии атбоъи ин кишварҳо дар бахшҳои мухталиф табодул хоҳанд кард. Тамоми намуди ҷиноятҳое, ки хислати террористӣ доранд дар ин Созишнома нишон дода шудааст. Созишномаи мазкур аз 15 модда иборат аст, ки на танҳо ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, ҳатто намудҳои дигаи ҷиноятҳо ҳам пешбинӣ шудаанд, то шарикон ҳар ду кишвар муомилоти корӣ дошта бошанд".
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳам дар пешорӯи хатарҳои минтақа, ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилӣ ва пулиси бехатарии Латвияро муҳим хонд.
"Албатта сухани Шодӣ Давлатович ҳам қобили мулоҳиза аст. Инҷо роҳҳои муомилаи ҳамкории мақомоти ҳар ду кишвар дар бораи додани иттилоот дар бораи террористон пешбинӣ шудааст",- гуфт Зуҳуров.
Вакилони порлумон бидуни баҳс Созишномаи байни Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсҳо ва дигар ҷиноятҳо»-ро дастгирӣ карданд.