ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 рӯзи 17-уми декабр шурӯъ кард, менависад сомонаи расмии ФФТ.
"Сармураббӣ ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар 24 бозигар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабр идома меёбанд",-меафзояд манбаъ.
Ҷоми Иттиҳод —2015 рӯзҳои 16-25-уми январи соли оянда дар Маҷмааи варзишию консертии "Петербургский"- и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Ҳайати ниҳоии ширкаткунандагони мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст. Дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкати 16 дастаи мунтахаби ҷавонон дар назар аст. То ҳоло 11 даста, аз он ҷумла тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ширкати худро дар ин мусобиқа тасдиқ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина, ки дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2014 гаштааст.
Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) порсол бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ваМолдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ — 1-1).