ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар минтақаҳои наздимарзии Русия теъдоди зиёди харидоронро аз Қазоқистон дидан мумкин аст, ки онҳо аз нақлиёт шурӯъ намуда то хонаву ашёҳои гуногунро мехаранд, менависад CA-NEWS (KZ).
Сабаби асосии афзоиши ин "талабот"-ро дар беқурбшавии бесобиқаи рубли русӣ дар қиёс бо тангаи қазоқӣ арзёбӣ мекунанд.
"Одамон бо пули зиёд меоянд, албатта барои харидории молу коло. Рӯзи истироҳат ба истилоҳ рӯзи рекордии бастани шартномаҳои додугирифт буд. Дар ин рӯз бисту шаш шартномаи хариду фурӯш ба имзо расидааст. Дар як рӯз!",- мегӯяд Сергей Дурченков, корманди яке аз фурӯшгоҳҳои автомобилии Оренбург.
Андрей Саблин, муҳаррири маҷаллаи "Оказия" фаъолшавии харидорони қазоқ дар Русияро ба ду омил рабт медиҳад: "Аввал, коҳиши қурби танга дар моҳи феврали соли равон дар Қазоқистон. Шаҳрвандон пули зиёде барои харидани мошину дигар лавозимоти зарурӣ захира карда буданд, аммо беқурбшавӣ нақшаҳои онҳоро дигар кард. Дуввум, ин поён рафтани арзиши бесобиқаи рубли русӣ дар қиёс ба танагаи қазоқӣ аст. Вобаста ба ин, харидорони қазоқ имкони хариди молу колои русиро пайдо карданд".
Коршиносон мегӯянд, коҳиши қурби рубли русӣ дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ ба назар мерасад. Тоҷикистон низ истисно нест, зеро дар ин ҷо тайи ду моҳи ахир қурби асъори миллии Русия қариб ду баробар поён рафтааст. Беш аз як миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки қаблан ба хонаводаашон аз Русия доллари амрикоӣ ирсол мекарданд, ҳоло вобаста ба вазъи маълум, рубли русӣ мефиристанд.