Додгоҳи Иттиҳодияи Аврупо Ҳамосро гурӯҳи террористӣ намедонад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкНавори Ғаза. Акс аз бойгонӣ
Навори Ғаза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷиноҳи низомии Ҳамос аз соли 2001 то кунун дар феҳристи гурӯҳҳои терористии Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Додгоҳи Иттиҳодияи Аврупо Ҳамосро аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф мекунад, хабар медиҳад Дойчи Велли.

Аммо таҳримҳои молӣ то се моҳи дигар боқӣ мемонанд.

"Тасмими ҳазфи номи Ҳамос аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар пайи таҳқиқот ва ҳуҷҷатҳои мақомот ва созмонҳои масъули Аврупо гирифта нашудааст, балки дар пайи ҳаводиси воқеӣ ва гузориши матбуот гирифта шудааст", —  омадааст дар баёнияи додгоҳи Аврупо.

Додгоҳи Аврупо таъкид мекунад, ки тасмими додгоҳ посух ба ин пурсиш нест, ки то чӣ ҳад Ҳамос воқеан як гурӯҳи террористӣ ба шумор меравад. Ин тасмим бар асоси баррасии фаъолиятҳои ҷории Ҳамос гирифта нашудааст.

Шохаи низомии Ҳамос аз соли 2001 то кунун дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад. Аз соли 2003 шохаи сиёсии ин гурӯҳ низ дар феҳрасти ташкилоти террористӣ буда аст. Бо омадани номи ин ду шоха дар феҳрасти созмонҳои террористӣ Иттиҳодияи Аврупо дороиҳои созмон ва аъзои он дар Аврупо масдуд шуданд. Ҳамос аз соли 2007 то ба имрӯз бар Навори Ғазза ҳукумрон аст.

Ҳамос ҷунбишест барои озодии тамоми хоки Фаластин

"Ҳаракати муқовимати исломӣ" бо номи ихтисории Ҳамос дар моҳи декабри соли 1987 таъсис шуд. Ин гурӯҳ ҳадафи худро озодии тамоми хоки Фаластин эълон карда аст.

Ҳамос яке аз аҳзоби сиёсии муҳими Фаластин унвон карда мешавад. Ихтилофи Ҳамос бо ҷунбиши Фатҳ дар тобистони соли 2007 ба ҷанги саросарӣ табдил шуд. Ҳамос бо пирӯзӣ дар ин набард кантроли комили Навори Ғаззаро ба даст гирифт. Ҳамос ва Фатҳ бори дувум дар соли 2014 барои ташкили давлати ваҳдати миллӣ ба тавофуқ расиданд.

Даргириҳои Ҳамосу Исроил

Аз замони шикасти музокираи сулҳ дар баҳори имсол вазъият дар Исроил ва манотиқи фаластинӣ ҳолати буҳронӣ ба худ гирифта аст. Дар тобистони имсол Навори Ғазза шоҳиди ҳамлаҳо ва даргириҳои хунине миёни Исроил ва Ҳамос буд.

Ҳамлаҳои артиши Исроил дар Навори Ғазза охири тобистон, пас аз 50 рӯзи кашмакаш ба поён расид. Дар ин муддат беш аз 2100 фаластинӣ кушта шуданд, ки ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид бештари онҳо ғайринизомӣ буданд. Тайи даргирӣ 73 исроилӣ низ кушта шуданд. Аз ин теъдод 67 тан сарбози артиши Исроил буданд.

Лентаи хабарҳо
0