Раиси донишгоҳи Хуҷанд 142 донишҷӯи дарсгурезро хориҷ кард

© Sputnik / Владимир ФедоренкоДонишҷӯ. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минбаъд донишҷӯёне, ки ба машғулиятҳо ҳозир намешаванд ва аз санҷишу имтиҳонот намегузаранд, барои онҳо бо пардохти маблағи муайян ба хазинаи донишгоҳ дарс ташкил карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Аз ҳисоби донишҷӯёни соли дуюми шуъбаи ғоибона 142 нафар бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хориҷ карда шуданд, менависад сомонаи ҳукумати вилояти Суғд.

"Зимни баргузории ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ тасмим гирифта шудааст, онҳое, ки бидуни сабабҳои узрнок ба дарсҳо иштирок намекунанд, аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд"- омадааст дар иттилоия.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки минбаъд донишҷӯёне, ки ба машғулиятҳо ҳозир намешаванд ва аз санҷишу имтиҳонот намегузаранд, барои онҳо бо пардохти маблағи муайян ба хазинаи донишгоҳ дарс ташкил карда мешавад.

Ихроҷи дастаҷамъии донишҷӯён аз донишгоҳ таҷрибаи бесобиқа буда, чунин амалкард то имрӯз вуҷуд надошт. Теъдоди умумии муҳассилини ДДХ 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0