Президенти Туркия ба ИА: "Ба мо кордор набошед"

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкРаҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ
Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ҳамла ба расонаҳои наздик ба Фатҳуллоҳ Гюлен, бахше аз як вокуниши зарурӣ барои хунсо кардани "амалиёти касиф"-и душманони сиёсӣ аст.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз "ҳамла" ба расонаҳои наздик ба фаъоли сиёсии мухолифи ҳукумати Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен ҳимоят намуда ва интиқоди Иттиҳодия Аврупо дар ин робитаро радд кардааст, менависад радиои Озодӣ.

" Як сол боз таҳқиқот дар бораи шиносоии тарафдорони Фатҳуллоҳ Гюлен дар Туркия шурӯъ шуд, юриш ба рӯзномаи "Замон" ва як шабакаи телевизионӣ, боиси шиддати ёфтани муборизаи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва муттаҳиди собиқаш шудааст"- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Раиси ҷумҳури Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро ба таъсиси ниҳодҳои монанд (параллел) дар қувваи қазоия ва пулис ва ҳамчунин талош нуфуз пайдо кардан дар расонаҳо, муттаҳам мекунад. Гюлен як раҳбарии мазҳабии турки сокини Амрико бошад, ин иттиҳомотро радд мекунад.

"Онҳо фарёди озодии расонаҳоро сар медиҳанд. Аммо ин иқдом ба онҳо рабте надорад. Мо нигарони гуфтаҳои Иттиҳоди Аврупо нестем. Чӣ бихоҳанд моро ба унвони узв бипазиранд ва ё напазиранд, барои мо муҳим нест. Лутфан, виҷдонатонро барои худатон нигаҳ доред",- гуфтааст Раҷаб Таййиб Эрдуғон аснои иштирок дар маросиси ифтитоҳи як полоишгоҳи нафт дар наздикии Истанбул.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе гуфт, ки ҳамла ба расонаҳо ба хилофи арзишҳои ин ташкилот аст.  

Лентаи хабарҳо
0