Ҳоло имкон доред, дарси маҳорати кандакорӣ (карвинг)-ро дар мева ва сабзавот тамошо кунед.
Ороиши мизи идона барои Соли нав саҳлу содда аст. Меваю сабзавоти тару тоза бо усули "кандакорӣ" ориш ёфта, зеби дастархони шумо мешаванд. Масалан, аз бодиринг шамъдон, аз сабзӣ гули зебо ва аз себ як намуди марвориди баҳрӣ омода кардан мумкин аст.
Карвинг (кандакорӣ) тайи чанд соли ахир дар Русия маъруфият касб кардааст. Соли 2004 бошад, Фарҳангистони карвинг таъсис ёфта, ин намуди санъат ҷузъи ҷудонашавандаи сабқатҳои таббохӣ гардидааст.