Тоҷикистон дар рейтинги донишгоҳҳои беҳтарин ҷой надорад

© SputnikДонишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ). Акс аз бойгонӣ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин рейтинг аз ҷониби ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) тартиб дода шудааст, ки сатҳи беҳтарин макотиби кишварҳои рушдкунанда дар Аврупо ва Осиёи Марказиро муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Аз Тоҷикистон ҳеч як аз макотиби олӣ ба рейтинги донишгоҳи беҳтарини кишварҳои дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ шомил нашудааст, хабар медиҳад оҷонсии Тоҷнюс.

Ин рейтинг аз ҷониби ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) тартиб дода шудааст, ки сатҳи беҳтарин макотиби кишварҳои рушкунанда дар Аврупо ва Осиёи Марказиро муайян мекунад.

Донишгоҳи давлатии Масква ба номи Ломоносов дар садри 100 донишгоҳи беҳтарини ин феҳраст қарор дорад. Баъдан, Донишгоҳи Чарлз аз Чехия ва Донишгоҳи давлатии Новосибирск ҷой гирифтаанд. Дар даҳгонаи аввал инчунин Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мақоми 7-ум шомил шудааст.

Аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ба ҷуз донишгоҳҳои Русия дар даҳгонаи аввал Донишгоҳи Тортуи Эстония низ ном бурда мешавад, ки дар мақоми 5-ум қарор дорад.

Дар даҳгонаи аввал инчунин донишгоҳҳо аз Лаҳистон ва Туркия низ ворид шудаанд.

Мақомҳои 10,11,12,13-ро донишгоҳҳои Туркия гирифтаанд. Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ мақоми 14-умро соҳиб шудааст, ки донишгоҳи ягона аз Осиёи Марказӣ мебошад.

Ширкати QS ба ин донишгоҳҳо аз ҷумла аз рӯи шӯҳрат, таносуби донишҷӯёни хориҷӣ, шумораи кормандон вобаста ба унвони илмӣ, самаранокии интернет-ресурсҳои донишгоҳ, шумораи мақолаҳои нашргардида ва амсоли ин баҳо додааст.

Ин рӯйхат шумори бештарини донишгоҳҳоро Русия дорад; аз ин кишвар 26 мактаби олӣ соҳиби мақом шудаанд. Баъд аз он Туркия ва Чехия қарор доранд. Полшаву Қазоқистон пас ин кишварҳо ҷо гирифтаанд.

Ин рейтинг фарогири 30 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ буда, Тоҷикистонро низ дар бар гирифта, аммо ҳеч мактаби олии Тоҷикистон соҳиби мақом нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0