Ӯзбакистон барои таҷдиди неругоҳҳояш 500 миллион доллар харҷ мекунад

© Sputnik / Алексей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкТошканд. Акс аз бойгонӣ
Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯзбакистон тасмим дорад то соли 2020 корҳои навсозӣ ва мукаммалгардониро дар 19 истгоҳи барқии амалкунанда ба анҷом расонад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ширкати саҳҳомии давлатии "Узбекэнерго" барои амалигардонии лоиҳаҳои навсозии НБО то охири соли 2020 наздик ба 500 миллион доллар ҷудо мекунад, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба як манбаъ дар ширкат.

Ӯзбакистон қасд дорад то соли 2020 корҳои навсозӣ ва мукаммалгардониро дар 19 истгоҳи барқии амалкунанда ба сомон расонад, гуфтааст муовини сардори идораи амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузории ШСД "Узбекэнерго" Абдулло Аҳмедов.

Тибқи иттилои вай, амалисозии лоиҳаҳо истифодаи неругоҳҳоро тӯлонӣ карда, ҳамчунин зарфияти тавлидотиро дар неругоҳҳоро ба 115 МВт бо тавлиди изофии 600 миллион кВт соат неру мерасонад. Сармоягузории лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои хориҷии институтҳои молиявӣ ва сармояи ҷониби Ӯзбакистон ба роҳ монда мешавад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки то охири соли 2014 "Узбекэнерго" барои навсозии панҷ нерӯгоҳ дар навоҳии Тошканду Фарғона, ки арзиши умумияшонро 335 миллион доллар ташкил медиҳад, тендер эълон хоҳад кард.

Феълан дар низоми энергетикии Ӯзбакистон 45 неругоҳ мавҷуд аст, ки иқтидори умумияшон бештар аз 12,4 ҳазор МВт-ро дар бар мегирад.

Боқии қисмати энергияи Ӯзбакистонро нерӯгоҳои атомии корхонаҳои саноатӣ ва нерӯгоҳҳои хурд тавлид мекунанд, ки ин нерӯгоҳҳо ба сохтори вазорати кишоварзӣ ва хоҷагии об шомил мешаванд.

Иқтидори тавлидсозии нерӯи барқи ин кишвар 56-57 миллиард кВт соат арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0