ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон анҷумани пешазинтихоботиашро 20 декабр дар толори Иттифоқҳои касаба баргузор мекунад, хабар медиҳад сомонаи Тоҷнюс.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ин хабарро тасдиқ кардааст. Қаблан масъулини ҳизб мегуфтанд, ҳеч толоре дар Душанбе омода нест баргузории анҷумани онҳоро ба уҳда бигирад.
То кунун ҳизбҳои аграрӣ, халқии демократӣ, сотсиалистӣ ва наҳзат анҷуманҳояшонро баргузор ва номзадҳояшро барои ширкат дар интихобот тасдиқ карданд.
Баргузории анҷумани ҳизби демократҳо низ 20-уми декабр дар толори меҳмонхонаи "Грантҳотел" дар назар гирифта шудааст. Ҳизби комунисти Тоҷикистон бошад 27-уми декабр анҷуман баргузор хоҳад кард.