Қолини “Рекордҳои Гиннес” дар Душанбе намоиш дода шуд

Обуна шудан
Дар намоишгоҳе дар шаҳри Душанбе, бузургтарин қолини дастбофи эронӣ, ки шомили китоби “Рекордҳои Гиннес” аст, ба маърази тамошо гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бузургтарин қолини дастбофи эронӣ, ки шомили китоби "Рекордҳои Гиннес" аст, дар Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин қолин дар намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ, ки рӯзҳои 13-14 декабр дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Намоишгоҳ бо ибтикори "Persian carpets" (Қолинҳои форсӣ") дар толори меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Тавҳиди Халидманд, масъули ширкати "Persian carpets" ба Озодӣ гуфтааст, дар намоишгоҳ, ки бори аввал сурат мегирад, ҳамроҳ бо бузургтарин қолини дастбофи эронӣ ҳудуди 200 қолини дигар намоиш дода мешавад.

"Дарозӣ ва паҳноии қолин 10 бар 16 метр аст,  ки дар маҷмӯъ 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин қолинро 50 тан аз қолинбофони дастбофи эронӣ муддати 15 сол дуруст кардаанд", — гуфтааст Халидманд.

Вазни ин қолин ним тонна ё 500 килограм аст, ки он ба китоби "Рекордҳои Гиннес" ҳамчун бузургтарин қолини дастбоф шомил шудааст.

Лентаи хабарҳо
0