Мақомот вакилони ҲНИТ-ро боздошт ва раҳо карданд

© Flickr \ Anton AbramovМилитсия. Акс аз бойгонӣ
Милитсия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомонаи ҳизби наҳзати исломӣ қаблан навишта буд, ки дар ноҳияи Ҷиргатол субҳи 15-уми декабр 3 нафар вакил ҳангоме боздошт шудаанд, ки қасди сафар ба Душанбе ва ширкат дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро доштанд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Вакилони боздоштшудаи ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол бо дахолати вазорати корҳои дохилӣ озод шуданд, хабар медиҳад сомонаи расмии ҳизби наҳзат.

Манбаъ қаблан иттилоъ дода буд, ки дар ноҳияи Ҷиргатол субҳи 15-уми декабр 3 нафар вакил ҳангоме боздошт шудаанд, ки қасди сафар ба Душанбе ва ширкат дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро доштанд. Яке аз ин се вакил Қурбоналӣ Саидмуродов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол будааст.

Анҷумани интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор аст фардо, 16 декабр дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Анҷуман номзадҳои ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2015 баргузор хоҳад шуд, тасдиқ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0