Раиси корхонаи “Обу корез” муроҷиати шаҳрвандонро нодида гирифт

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкҚатъи интиқоли оби нӯшокӣ. Акс аз бойгонӣ
Қатъи интиқоли оби нӯшокӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари КВД “Обу корез”-и шаҳри Истиқлол дар нақзи муқаррароти қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” айбдор дониста шуда, 4 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид.

 ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Нисбати раиси корхонаи "Обу корез"-и шаҳри Истиқлол дар шимоли кишвар парвандаи ҷиноӣ дар иртибот ба нақзи қонун "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" боз гардид, менависад "Авеста".

Бино ба қавли Умедҷон Раҳматҷонов, судяи додгоҳи шаҳри Истиқлол тафтиши додситонӣ нишон дод, ки ҷаноби Маҳмудов шикояти сокинонро нодида гирифта, мушкилоти онҳоро баррасӣ намекардааст.

"Хунукназарии раиси корхонаи "Обу корез" ба шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонидааст",-илова кард Раҳматҷонов.

Манбаъ мегӯяд, тибқи қарори додгоҳ Маҳмудов муваззаф шудааст, ки 4 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат ҷарима супорад.

"Дар қиболи айбдоршаванда қонуни афв бахшида ба рӯзи Сарқонун татбиқ гардид",-менависад сарчашма.

Лентаи хабарҳо
0