ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Саидмурод Фаттоев, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз вазифааш барканор шудааст, иттилоъ медиҳад TojNews дар такя ба як манбаъ дар дастгоҳи райисҷумҳур.
Бино ба иттилои манобеъи мӯътамади хабаргузорӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон, дар назар аст, ки Фаттоев ба вазифаи ҳизбӣ гузарад. Ба эҳтимоли зиёд ӯ ба ҷои Сафар Сафаров муовини аввали раиси ҲХДТ таъин хоҳад шуд.
Маъмурияти ёрдамчиёни райисҷумҳур, маъмулан вазифаи мушовиронро анҷом медиҳад. Фаттоев сар аз соли 2007 дар ин вазифа (аввал ба ҳайси мушовир ва баъдан пас аз таҷдиди сохтори мушовирон ба симмати ёрдамчии райисҷумҳур) фаъолият дошт.
Фаттоеви 56-сола зодаи шаҳри Кӯлоб буда, соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москваро бо ихтисоси журналист ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ хатм намудааст. Номзади улуми сиёсӣ ва доктори фалсафа мебошад.