Кабирӣ ва Смит дар бораи таҳдидҳо сӯҳбат карданд

© Официальный сайт ПИВТР.Смит и М.Кабирӣ
Р.Смит и М.Кабирӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Робин Орд Смит, сафири Британия дар Душанбе, ки моҳи оянда мӯҳлати ваколати сафириаш ба поён мерасад, бо раиси ҲНИТ мулоқот карда, аз ӯ дар бораи вазъи сиёсии кишвар ва интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ пурсид.

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҷонибҳо вазъи минтақа ва кишвар, ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ,  масоили марбут ба интихоботи парлумонии кишвар, ифротгароиву хатари он ва дигар мавзӯотро баҳсу баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ҲНИТ.

Ҷаноби Смит аз пазироияш дар дафтари марказии ҳизб ва меҳмоннавозии миллати тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ҳатто баъди интиҳои мӯҳлати сафириаш ӯ ба Тоҷикистон ва мардумаш алоқаи хоссе хоҳад дошт. Сафири Британия инчунин ба масоили вобаста ба вазъи ояндаи Тоҷикистон ишора карда, назари Муҳиддин Кабириро дар робита ба мушкилиҳои умдаи кишвар пурсид. Раиси ҲНИТ дар посух ба ин савол гуфтааст, "бузургтарин чолишҳои ояндаи Тоҷикистон хатари ифротгароӣ ва ҳамзамон набудани муколама мебошанд."

Мухиддин Кабири на парламентских выборах 1 марта 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Кабирӣ: мо набояд ба майдони бархӯрди ФР ва Чин табдил шавем

"Ягона рох барои пешгирӣ аз хатари ифротгароӣ ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардум, додани озодиҳои бештар, роҳандозии муколамаи воқеӣ байни доираҳои сиёсиву илмӣ ва шаффофияти интихоботҳост. Миллати мо дар гузаштаи наздик бо чолишҳои бузургтар ҳам рубарӯ шуда буд, аммо танҳо аз роҳи муколама ва гуфтугӯ чунин чолишҳоро пушти сар кард. Умедворам, ки мо метавонем аз роҳи муколама ва аз роҳи додани озодиҳои бештар ин мушкилро ҳам пушти сар кунем",- иброз дошт Кабирӣ.

Мулоқоти раиси ҲНИТ бо сафири Британия дар Тоҷикистон дар пешорӯи баргузории интихоботи навбатии парлумонӣ ва интиҳои мӯҳлати ваколатҳои дипломатии ҷаноби Смит дар ҷумҳурӣ сурат пазируфт.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 40 ҳазор аъзо дорад ва ягона ҳизби исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад. 

Лентаи хабарҳо
0