Роҳиоҳанчиёни панҷ кишвар масирашонр бо Тоҷикистон пайваст карданианд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкРоҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои татбиқи тарҳи роҳи оҳан кишварҳои минтақаро зарур аст, ки бархе аз мушкилот, аз ҷумла вазъ ва паҳноии хатти роҳи оҳанро бартараф созанд.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон изҳори омодагӣ барои пайваст кардани роҳи оҳани байни кишварҳо шуданд, зеро ба гуфти коршиносон, ин тасмим ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зиёд гардидани табодули амволи минтақа мусоидат хоҳад кард, менависад сомонаи вазорати нақлиёт.

Ин андеша аснои ҷаласаи панҷгонаи коршиносон оид ба масъалаи пайвастшавии роҳҳои оҳани Чин — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон, ки рӯзи 9 декабр дар Душанбе сурат пазируфт, иброз гардид.

Пас аз таҳлили ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳои коршиносон санади ниҳоӣ ба имзо расид. Аммо ба назари таҳлилгарон барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст.

Қатори Роҳи оҳани Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати қаторҳои Русия ба Тоҷикистон барои як сол қатъ мешавад

Ҳарфи бунёди ин роҳи оҳан ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби коршиносони давлати Эрон садо дода буд, аммо пас аз чаҳор сол ин нахустин қадами амалӣ дар роҳи бунёди тарҳ буд, ки пас аз муҳокимаи ду рӯза бардошта шуд. Ихтилофи аслӣ, сари паҳнои хатти роҳи оҳан буд, ки билохира баъди баҳсҳои тӯлонӣ ҳал шуд. Тоҷикистон Қирғизистон розӣ шуданд, ки ин роҳ то марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон тибқи меъёр ва баробар бо талаботи дар Чину Эрон, ки мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳаст, сохта шавад. Роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қирғизистон замони шӯравӣ бо паҳнии 1520 миллиметр сохта шудаанд, вале роҳҳои оҳани Эрону Чин бо паҳнии 1435 мм бунёд ёфтаанд. Биноан бари вагонҳо аз ҳам фарқ мекунад.

Дарозии роҳи оҳани Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1260,9 км, аз ҷумла хатти асосии он 679,9 км-ро ташкил медиҳад. Роҳи оҳани Тоҷикистон вобастагии бештаре аз масири он дар Ӯзбакситон дорад, зеро тариқи ин кишвар ба ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ пайваст мешавад. Як чунин мушкил пешорӯи Қирғизистон низ ҳаст, чаро ки Бишкек бо василаи Қазоқистон ба дигар мамолик пайваст мешавад.

Тибқи тарҳи пешакие, ки дар Душанбе кашида шуд, хатти нави роҳи оҳан аз Эрон бо убури Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон то Чин бештар аз 2 ҳазор километрро дар бар мегирад ва мушкили мавҷударо бартараф хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0