https://sputnik.tj/20141209/1013511905.html
Пахмоқ, зебо ва маъруф
Пахмоқ, зебо ва маъруф
Sputnik Тоҷикистон
Дар шабакаи иҷтимоии Facebook аксу наворҳои ҳайвоноти зиёдеро дучор шудан мумкин аст, ки маъруфияти беш аз андозаи онҳо боиси ҳасади намояндагони шоу-бизнес... 09.12.2014, Sputnik Тоҷикистон
2014-12-09T15:33+0500
2014-12-09T15:33+0500
2014-12-09T13:47+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101350/76/1013507675_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_0a8436fb60e9250d5a9a51b701cbca94.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2014
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, ҳамаи хабарҳо
Пахмоқ, зебо ва маъруф
Дар шабакаи иҷтимоии Facebook аксу наворҳои ҳайвоноти зиёдеро дучор шудан мумкин аст, ки маъруфияти беш аз андозаи онҳо боиси ҳасади намояндагони шоу-бизнес шуда метавонад. Чанд акси зебои ҷонваронро инак барои баҳогузорӣ ва тамошои шумо пешниҳод менамоем.
Гоҳо пашми аз ҳад зиёд дароз ва бархе авқот "рафтори қаҳрамонона"-и сагу пишакҳо боиси маъруфияти онҳо мешавад.

Купер шояд ягона гурбае бошад, ки пишаки дигарро аксбардорӣ кардааст.

Бо фарқ аз дигар гурбаҳо Купер дар хона ором намешинад. Дар гардани ӯ суратгирак овезон аст ва ҳар ду дақиқа як акс мегирад.Дар ҳоли ҳозир 600 ҳазор фейсбукӣ саҳифаи Куперро "маъқул" кардаанд.

Lil Bub бо шакли ғайриоддиаш мақбули корбарони шабакаи Фейсбук гардидааст. Беш аз 1,4 миллион ӯро "дӯст" доштаанд.

2 миллион нафар аз саҳифаи Beast хушашон омадааст.

Beast ("Дарранда")бо он сабаб машҳур аст, ки соҳибаш Марк Сукерберг, бунёдгузори шабакаи иҷтимоии Facebook мебошад.

Саҳифаи Бу дар Facebook беш аз 16 миллион ишораи "маъқул" гирифтааст. Дар бораи худаш кӯтоҳ маълумот медиҳад: "Номи ман Бу аст. Ман саг ҳастам. Одамон маро дӯст медоранд".

Grampy cat бо намуди ғайриоддиаш мақбули ҳамагон шудааст. Ҳарчанд он дуруст инкишоф наёфта бошад ҳам, ин ба ӯ мушкил эҷод намекунад. 7 миллион нафар гурбаро "маъқул" шуморидаанд. Соҳибони пишак аз намуди ғайриоддии он манфиати молӣ мебинанд.