Владимир Путин 10 декабр ба Ӯзбакистон меояд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони Русия ва Ӯзбакистон дурнамои ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Душанбе, 9 декабря — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо як сафари расмӣ вориди Ӯзбакистон мешавад, иттилоъ медиҳад сомонаи райисҷумҳури ФР.

"Интизор меравад, аснои нишасти сарони ду кишвар масоили калидии ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахши сармоягузории молиявӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ муҳокима гардад",- менависад манбаъ.

Мушкилоти амниятии минтақа, инчунин масоили марбут ба сулҳу суботи Афғонистон аз мавзӯи дигари баҳси ду президент аст.

Пас аз мулоқоту нишастҳо имзои чанд санади ҳамкории дуҷониба дар назар гирифта шудааст.

Қайд мешавад, ки сафари Путин ба Ӯзбакистон бо даъвати расмии райисҷумҳури он кишвар сурат мегирад. Имсол аз тасвиби созишномаи ҳамкории стратегӣ миёни Маскаву Тошканд 10 сол сипарӣ мешавад.

Мулоқоти охирини Путину Каримов моҳи сентябри соли равон дар ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар Душанбе баргузор гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0