Ба аҳзоби сиёсӣ чиҳил дақиқаи ройгони эфири телевизионӣ медиҳанд

© Flickr \ Alessandro BonviniЭфир
Эфир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти интихоботи парлумонӣ ба ҳар кадом ҳизби сиёсӣ чиҳил дақиқаи ройгони эфири телевизионӣ дар шабакаҳои давлатии саросарӣ дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вақти телевизионӣ ва саҳифаи матбуотӣ дар ВАО барои маъракаи интихоботии вакилони парлумонро муайн кард, менависад нашрияи "Ҷумҳурият".

Дар мувофиқа бо тағйирот ва иловаҳои қонунгузорӣ ба аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа ва барои номзадҳои ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 20 дақиқа ройгони эфири телевизионӣ дода мешавад.

Ҳамчунин нашрияҳои давлатӣ муваззаф шуданд, ки барномаҳои интихоботии ҳизбҳои сиёсиро ройгон нашр кунанд.

Интихоботи навбатии Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон) 1 марти соли 2015 баргузор мегардад. Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Дар интихоботи навбатӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошад 41 вакил интихоб хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0