ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон гуфт, нерӯҳои афғон дар идомаи муборизаашон алайҳи мухолифон ҳанӯз ба ҳимояти байналмилалӣ ниёз доранд, иттилоъ медиҳад Daily Mail дар истинод ба Sunday Times.
Оқои Абдуллоҳ дар идомаи мусоҳибааш бо Sunday Times иброз доштааст, ки хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО то поёни соли ҷорӣ аз Афғонистон пеш аз вақт аст.
"Мо ду сол қабл 150 ҳазор нерӯи байналмилалӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо дар Афғонистон доштем, дар ҳоле, ки дар зарфи ду соли оянда ин шумора ба 12 ҳазор аскар коҳиш меёбад",- сарвари ҳукумати Афғонистон.
Чанде қабл як генерали англис ба Sunday Times гуфта буд, ки соли оянда ба Афғонистон теъдоди бештари низомиён ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, 4-уми декабр Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар Конфронси Лондон аз хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО баъд аз сездаҳ ҷанг дар Афғонистон истиқбол кард.
Оқои Ғанӣ пас аз мувофиқат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар моҳи сентябр дар мавриди ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ, ваъда дод, ки ҳукуматаш бо рушди иқтисодӣ ва решакан намудани фасоди идорӣ, як Афғонистонеро эҷод хоҳад кард, ки бо пои худ биистад ва вобастагӣ ба кӯмакҳои хориҷиро коҳиш бидиҳад.