Душанбе, 8 декабря — Sputnik. Роҳзанҳо саҳарии барвақт ба Шарифбек Мирзошарифов, ки ба бозор мерафт, ҳамла карда, 27 ҳазор сомониашро рабуданд, менависад сомонаи ВКД.
"Ҳангоми бо кӯчаи деҳаашон равон шудан шахсони номаълум бо оҳанпора ба сари ӯ зада, 27000 сомонӣ маблағи пулӣ ва 1 адад телефони мобилиашро, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд",- менависад манбаъ.
Дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокинони ноҳияи Ваҳдат: Мирзообид Абдулмаҷидзодаи 22-сола, Алишер Мурасаеви 21-сола ва Ҳикматулло Шарифови 23-соларо бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд. Далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Маврид ба ёдоварист, 27 ҳазор сомонӣ муодили сиву чор ҳадди аққали маош дар Тоҷикистон аст.