Паёми президент ба парлумон тибқи муқаррароти сарқонун ироа мешавад ва аз асоситарин рӯйдодҳои сиёсӣ маҳсуб мегардад. Аммо дар соли равон, таваҷҷӯҳи бештари сокинон ба паём равона шуда буд, зеро вазъи иқтисодии Русия, минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли ҳозир ба сурати оддӣ нест.
Анъанаи ироаи паёми президенти Русия таърихи 20-сола дорад. Барои нахустин бор Борис Елтсин, райисҷумҳури вақти ФР 24-уми феврали соли 1994 таҳти унвони "Дар бораи таҳкими давлатдории Русия" ба маҷмаи Федералӣ паёми худро ирсол дошт. Соли 2013 Путин паёмашро 12-уми декабр ироа кард. Ӯ зимни суханронӣ муҳимтарин ҷузъиётро баён дошт, ки ислоҳоти мунитсипиалӣ, аз ҷумла роҳбурди кор аснои фаъолият дар ширкатҳои офшорӣ аз аслитарин нуқтаҳои он маҳсуб меёфт.
Владимир Путин имсол низ дар ҳузури мақомоти баландпоя, рӯҳониёни мӯътабар ва дигар шахсиятҳои шинохтаи Русия суханронӣ кард. Ӯ гуфт, таҳримоти кишварҳои ғарбӣ бар зидди Русия бо ҳадафи ба хатар андохтани кишвар аст, аммо баръакс ин таҳримот ба рушди иқтисоди Русия мусоидат мекунад. Вай гуфт, ки "фоҷиа" дар шарқи Украина нишон медиҳад, ки сиёсатҳои Русия дуруст аст. Ӯ кишварҳои ғарбиро ба он муттаҳам кард, ки мехоҳанд, Русияро мисли Югославия дар соли 1990 пора кунанд, аммо "ба мақсадашон нарасиданд".