ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки дар тобистону зимистон ба миқдори 100 мегават нерӯи барқ ба Афғонистон интиқол бидиҳад, иброз дошт аснои мусоҳиба бо радиои Озодӣ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу.
Гоҳҳо мо ба ҷои 100 мегават барқ 50-70 мегаватт мегирем, қайд кард дипломати афғон.
" Мо мушкилоти ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунем, дар масъалаи энержӣ, ки марбут ба обу борон аст. Гоҳҳо мо ба ҷои 100 мегават барқ 50-70 мегаватт мегирем. Умедворем, ки ҷониби Тоҷикистон мушкилоти ҷониби Афғонистонро дарёбад. Ба ин маъно, ки мо барқро аз Туркманистон мегирем, аз Ҷумҳурии исломии Ирон мегирем, аз Ӯзбакистон мегирем. Ниёзҳои мардуми Афғонистонро мо наметавонем, ин гуна посух бидиҳем, ки дар зимистон ҷониби Тоҷикистон наметавонад, миқдори ваъдагии барқро, бо далоиле, ки гуфтем, аз иродаи давлатмардон хориҷ аст, интиқол диҳад. Мо маҷбур ҳастем барои ниёзҳои мардуми худ барқро таъмин кунем. Хоҳиши мо, орзӯи мо ин аст, ки бегумон ҷониби Тоҷикистон бар асоси созишнома миқдори 100 мегават барқе, ки тааҳҳуд шудааст, ба ҷониби Афғонистон дар зимистон ҳам бидиҳад. Дар ғайри сурат мо маҷбурем, дар баробари ниёзҳои мардум ба барқи дигар кишварҳои ҳамсоя умед бубандем",- изҳор дошт сафир.
Аз ин ҷиҳат, ки барқи ҷониби Тоҷикистон барқи арзон ва бидуни зарарҳои муҳитзистист, ҷониби Афғонистон алоқа дорад, ки бештарин харидори барқи Тоҷикистон Афғонистон бошад. Ба иттилои расмӣ, 1 кВт барқи содиротӣ барои ҶИА 3 сенти амрикоӣ арзиш дорад.
Аз Тоҷикистон асосан барқи тавлидшудаи неругоҳҳои Сангтӯда-1 ва 2 ба Афғонистон тариқи хати интиқоли барқи 220 кВТ ва 110 кВт нақл мешавад. Дарозии ин хат (220 кВт) дар қаламрави Тоҷикистон 118 км ва дар сарзамини Афғонистон 163 километр мебошад.