ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Фахриддин Зокиров — вакили мудофеъи Зайд Саидов пас аз афв ва раҳоӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дубора ба фаъолияти ҳуқуқшиносии худ ҳамчун вакили мудофеъ оғоз кардааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Маҳкумияти ӯ ҳамчунин ба қатъи фаъолияти ҳуқуқшиносияш сабаб мегашт. Аммо ҳамкори Зокиров — Бузургмеҳр Ёров ба Озодӣ гуфтааст, ки бино бар қонуни авф доғи судии Зокиров низ бартараф шуда ва ӯ метавонад кори худро ҳамчун вакили дифоъ идома диҳад.
"Фахриддин Зокиров ҳуқуқшиноси шинохта аст, ва ҳоло пурра ба фаъолияти адвокатии худ шурӯъ кардааст", — гуфтааст Ёров.
Фахриддин Зокиров пас аз 8 моҳи боздошт бо иттиҳоми қаллобӣ рӯзи 3 ноябр тибқи қонуни афв озод шуд. Вай, ки аз Зайд саидов соҳибкори маъруф ба ҳайси вакили мудофеъ пуштибонӣ мекард, дар моҳи марти соли равон аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир ва тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) айбдор шуда буд.
Ба гуфтаи тафтишот, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзест, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз "Тоҷиксодиротбонк" гирифтааст. Даъвои мақомот ин аст, ки ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.
Аммо вакилони ӯ мегӯянд, ширкати Зокиров дар вақти гирифтани қарз як корхонаи пахтаро ба гарав гузошта буд ва 70 дарсади қарзро алакай пардохтааст.
Наздикони Фахриддин Зокиров мегӯянд, сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов аст. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфтааст, ки аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифтаанд.