ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Рӯзноманигор Анна Арутюнян бо дар бораи он ки чаро бар хилофи мантиқ маҳбубияти президенти Русия боз ҳам боло меравад, сӯҳбат кардааст, менависад inopressa.ru дар такя ба USA Today.
Моҳи феврали соли 2009 Владимир Путин аз як оҷонсии иттилоотӣ, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешуд, дидан кардааст. Анна Арутюнян ба хотир меорад, ки таасуроти бештареро барояш омодагӣ ба боздиди президент ба ҷо гузошт: чанд рӯз пайиҳам фаршу шифти коргоҳро тоза мекарданд, ба кормандон супориш доданд, ки ҳама чизро аз болои миз бардоранд. "Он вақт Путин нахуствазир буд, аммо пешвозгирандагон худро тавре вонамуд мекарданд, ки ӯ ҳокимияти мутлақ дорад",- идома медиҳад муаллиф.
Ҳамон замон Арутюнян ба худаш суол дод, ки чаро миллионҳо нафар иҷоза медиҳанд, ки як кас онҳоро аз қафои худ барад. "Суоли боз ин аст, имрӯз вақте ки Русия дар инзивои байналмилалӣ барои дахолати низомӣ дар Украина қарор дорад ва иқтисоди ФР коҳиш меёбад, Путин ҳанӯз ҳам маҳбубияти 85 дарсадиро соҳиб аст",-меафзояд хабарнигор.
Арутуюнян қайд мекунад: тайи 10 соли ахир, ки ҳаводиси Русияро пайгирӣ доштам, сиёсати Путин ба таври бесобиқа тағйир хӯрд.
Таври мисол, ҳеч кас интизори ғасби (аннексияи) Қрим набуд. Ҳадс зада мешуд, ки Путини маслиҳатгаро пас аз ҳамгироӣ, ки дар он саҳми беандозаи шахсӣ дошт, таваккалан Русияро ба инзивои байналмиллалӣ дучор намекунад. Аммо Путин таваккал кард.
Тобистони соли равон рейтинги Путин ба 87 % баробар буд. Дар моҳи ноябр новобаста аз вазъи вахими иқтисодӣ, поиншавии қурби рубл, таҳримоти густурдаи Ғарб ва коҳиши нархи нафт маҳбубияти президент 85 фоиз боқӣ мемонад.
"Аз нигоҳи Ғарб, ҷое, ки ба пешвоён вобаста ба сиёсаташон овоз медиҳанд, маъруфияти Путин ғайримантиқӣ менамояд",- қайд мекунад муаллиф.
Ба назари муаллиф, ягона омили муваффақияти Путин ва сиёсати ӯ дар ин аст, ки дар Русия ҳама бовар доранд, ки президент ба ҳама фармонравоӣ мекунад. "Ҳоло ҳеч кас ба ин шак надорад",- навиштааст хабарнигор.