ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Шаби гузашта (панҷшанбе, 3 декабр), дар Грозний, пойтахти Чеченистон ҷангиён ба дидбонгоҳи нозирони роҳ ҳамла кардаанд, ки дар ин ҳодиса аз 3 то 7 полис ба ҳалокат расидааст, менависад РИА Новости.
Ҳафт тан аз ҳамлагарон баъди ин дар Хонаи матбуот пинҳон шуданд.
Мақомот бо истифода аз силоҳ онҳоро нобуд сохтааст. Зимнан, чанде аз онҳо дар як мактаби пойтахти Чеченистон ба муҳосира афтодаанд.
Дар бораи гаравгонҳои эҳтимолӣ хабар дода намешавад. Ба қавли Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон ҷангҷӯён мақсад доштанд дар рӯзи Сарқонун, яъне 12-уми декабр амалиётҳои террористӣ анҷом диҳанд.
"Дар доираи баргузории амалиёти зиддитеррористӣ, ки мақомоти интизомӣ анҷом медиҳанд нест кардани ҷангиён дар назар гирифта шудааст",- изҳор дошт Кумитаи миллии зиддитеррори ФР.
Ба қавли Қодиров, ба ҳар як хонаводаи полисҳои кушташуда 1 миллион рубл ҷудо гардида, онҳое, ки дар амалиёти боздошт ва нобуд кардани ҷангиён ҷароҳат бардоштаанд барои муолиҷа ба Маскав интиқол меёбанд.
Дар ҳамин ҳол, сарвари Чеченистон гуфт дар амалиёт се полис ба ҳалокат расидааст. Аммо манбаъи РИА Новости шумори кушташудагонро 7 нафар арзёбӣ кард. Ба ғайр аз ин, 18 полис ҷароҳат бардоштааст.
Айни замон амалиёти ҳарбӣ дар Хонаи матбуот ба анҷом расида, тафтишу таҳқиқи маҳалли ҳодиса идома дорад.