Асрори секунҷаи Бермуд

Обуна шудан
Секунҷаи Бермуд ҳангомаи чандон кӯҳнае нест. Журналист Винсент Гаддис, расо 50 сол қабл аз ин (1964) минтақаи асроромезро дар уқёнуси Атлантика ҳамин тавр ном бурд.

Секунҷаи Бермуд- мавзеъ дар уқёнуси Атлантик буда, қаламрави он аз як тараф аз Флорида то ҷазираҳои Бермуд ва аз сӯи дигар аз Флорида ба Пуэрто-Рика ва Багама маҳдуд мешавад.

Барои нахустин бор хабарнигори  Associated Press  дар бораи мавҷудияти "асрори нуҳуфта" дар секунҷаи бермуд  иттилоъ дода, ин ҷоро "баҳри шайтон" номид. Аммо журналист Винсент Гаддис, расо 50 сол қабл аз ин (1964) минтақаи асроромезро дар уқёнуси Атлантика  "секунҷаи Бермуд" ном бурд.

Баъдтар, дар китоби "Уфуқҳои ноаён"-аш Гаддис як боби алоҳидаро ба мавзӯи секунҷаи Бермуд бахшид.

Ҷонибдорони мавҷудияти секунҷаи Бермуд мегӯянд, ҳадди аққал дар ин мавзеъ 100 киштӣ дар 100 соли ахир "ғайб" задааст.

Ҳодисаи гум шудани панҷ ҳавопаймои бомбаандози тамғаи "Эвенҷер" аз машҳуртарин асрор маҳсуб мегардад. Ин ҷангандаҳо 5-уми декабри соли 1945 аз пойгоҳи баҳрӣ-низомии ИМА дар Форт-Лодердейл ба ҳаво бархоста, ба қароргоҳ дигар барнагаштанд. Пораҳои ин ҳавопаймоҳо то ҳануз ёфт нашудаанд.

Аммо на ҳама олимон бар ин боварнад, ки дар мавзеъи мазкур "асрор"-е вуҷуд дорад. Онҳо мегӯянд, сониҳа ва суқути киштиву ҳавопайпоҳо дар манотиқе иттифоқ меуфтад, ки он ҷо барои парвоз ва ҳаракати киштиҳо номувофиқ буда, навигатор (роҳнамо)-ҳои нақлиёт бар асари бархӯрди мавҷҳо ва ҳаво аз кор мемонад.  

Лентаи хабарҳо
0