ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, имрӯз раисони бархе аз шаҳру навоҳии кишварро иваз намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, Матлубахон Сатториён иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд таъйин шудааст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси раиси шаҳри Истиқлол ва узви Маҷлиси Миллӣ фаъолият дошт.
Худойназар Амонзода, ки бо фармони раисиҷумҳур иҷрокунандаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин гардид, қаблан раисии шаҳри Қайроқумро бар дӯш дошт. Акнун тибқи фармони нав Амонзода ба ҷои Сатториён ва Сатториён ба ҷои Амонзода омад.
Инчунин, Шарбатулло Девонаев, ки то ҳол директори хоҷагии зотпарварии "Ҳисор"-и Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор буд, раиси ноҳияи Вахш ва Рамазон Оймаҳмадов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин гардидаанд.
Ғайбулло Боҳиров иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом, Маҳмадҷобир Ризоев раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва Ғайрат Азизов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъйин шуданд.
Ҳамзамон, Қиматгул Алибердиева иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардид. Раиси собиқи ин шаҳр Фаромуз Имомбердиев ба вазифаи машваратчии шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд, менависад сомонаи раисҷумҳур.