ВУХ: ИМА метавонад таҳримҳо алайҳи Русияро густариш диҳад

© wikimedia.org. CtacБинои Департаменти давлатии ИМА. Акс аз бойгонӣ
Бинои Департаменти давлатии ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкориҳои иқтисодии Маскаву Теҳрон сабабгори ҷорӣ кардани таҳримҳои ИМА бар зидди Русия шуда метавонад.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Амрико таҳримҳо алайҳи Русияро густариш дода метавонад, агар додугирифти Маскаву Теҳрон мухолифи таҳримҳои ҷории Вашингтон бошад, гуфт Ҷен Псаки, намояндаи Департаменти давлатии ИМА. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи душанбеи 1-уми декабр иттилоъ дод.

Сербистон аз эъломи таҳрим алайҳи Русия худдорӣ кард

"Мо дар мавриди гуфтушунид ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи иқтисоди миёни Русия ва Ирон маълумот дорем.Ҷараёни раванди мазкурро таҳти назорат дорем, аммо ҷузъҳои гуфтушунидро намедонем. Агар дар ин бора маълумот ба даст биёрем ва ё эҳсос кунем, ки додугирифти онҳо таҳримотӣ мебошанд, амал хоҳем кард ",- гуфт Псаки.

Дар муқобили Эрон таҳримҳои гуногун ҷорӣ шудаанд, ки онҳоро солҳои пеш ИМА ва ИА роҳандозӣ кардаанд. Дар таҳримсозӣ Шӯрои Амнияти СММ низ даст дорад.  Таҳримҳо алайҳи давлати исломӣ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ҷорӣ гардида буданд. ИМА ва иттифоқчиёни ӯ дар Аврупо ба барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон чандон боварӣ надоранд.

Соли 2013 дар Женева "шашгона"-и байналмиллалии миёнчӣ  дар ивази бекор кардани бархе аз таҳримҳо ба Эрон кафолат доданд, ки фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии худро идома диҳад. Дар пайи ин тасмим Иттиҳоди Аврупо дар моҳи январи соли 2014 бархе аз таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кард. Моҳи август ИМА низ аз ИА пайравӣ кард, аммо дар ҳоли ҳозир конгресс ҷонибдори шадидтар сохтани таҳримҳо алайҳи Эрон аст.   

Лентаи хабарҳо
0