Миллионери чинӣ ба ҳамдеҳагонаш хона тӯҳфа кард

© Flickr \ Andrew KalatБунёди манзил. Акс аз бойгонӣ
Бунёди манзил. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҷои чайлаҳои чӯбин миллионер ӣа ҳар кадоме аз оилаҳои зодгоҳаш яктогӣ хонаи хушсохту барҳаво бунёд кардааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сюн Шуихуа, тоҷири чинӣ барои ҳамдеҳагонаш дар ҷануби Хитой яктогӣ ҳавлӣ тӯҳфа кард, менависад сомонаи mixstuff.

"Сюн Шуихуа нақлиёти сохтмониро киро карда, чайлаҳоро ба замин ҳамвор кард. Сипас дар ҷои онҳо хонаҳои наву муосир сохта, ба ҳамдеҳагонаш тӯҳфа кард. Роҳҳои деҳа низ аз сари нав бунёд шуданд",-  иттилоъ медиҳад манбаъ.

Тоҷир барои бунёди манзили сокинон беш аз 6 миллион доллар масраф карда, айни замон дар ин биноҳо 72 хонавода маскун шудаанд. Ба ғайр аз ин, оқои Шинхуа барои камбизоатҳо ва нафақахӯрони нодор ғизои бепул ва гарми севақта ташкил кардааст.

Сюн мегӯяд, татбиқи тарҳи мазкур барояш мушкил набуд, зеро тайи давраи тиҷораташ бештар аз он ҳадде пул дарёфт кардааст, ки интизори он набуд.

Сюн Шуихуаи 54-сола сармояаашро аснои кор дар бахши оҳангудозӣ (металлургия) андӯхтааст. Ӯ дар оилаи камбизоат ба дунё омада, бо ёрии ҳамдеҳагонаш ба воя расидааст. Сюни ҷавон қарор дод, ки пас аз соҳиби кору сармоя шудан ҳатман некии ҳамсоягонашро мегардонад.  

Лентаи хабарҳо
0