КМИ Малдова овозҳоро ҳисоб мекунад, айни ҳол сотсиалистҳо пешсафанд

© Sputnik / Руслан ШалапудаИнтихоботи парлумонӣ дар Малдова. Акс аз бойгонӣ
Интихоботи парлумонӣ дар Малдова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи парлумонӣ дар Малдова барои сиёсатшиносон натиҷаи ғайриинтизор овард: сотсиалистҳо- ҷонибдорони пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ ва наздикшавӣ бо Русия дар сабқат пешсаф шудаанд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Нусхаҳои аслии суратҷаласа (протокол)-ҳо то рӯзи душанбеи якуми декабр ба Комиссияи марказии интихобот барои муқоиса бо ахбори электронӣ расонида мешаванд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод бо суханони Юрий Чокан, раиси КМИ Малдова.

"Ҷаласаи КМИ 1 декабр баргузор хоҳад шуд. То ин вақт ҳамаи асноди марбут ба интихобот, ки зери онҳо имзои раисони участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ гузошта шудааст, оварда мешаванд. Агар дар суратҷаласаҳо ихтилоф мавҷуд бошад, ба ҳисоб аз рӯи варақаҳо бартарӣ дода мешавад",- гуфт Чокан.

Интизор меравад, натиҷаи орои интихобкунандагон, ки дар хориҷа ба сар мебаранд ҳамин рӯз эълон шавад. Дар Русия панҷ участкаи интихоботӣ ифтитоҳ гардида, ҳар кадоме аз онҳо 3000 варақаи райъдиҳӣ гирифта буд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ғайрирасмӣ дар ФР ҳудуди 700 ҳазор то 1 миллион шаҳрванди Малдова кору фаъолият доранд.

Рӯзи якшанбе дар Малдова интихоботи парлумонӣ сурат пазируфт. Пешсафиро дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизби сотсиалистҳои кишвар,ки мавқеъи наздикшавӣ бо Русия ва ҳамгироии авруосиёиро ҷонибдор аст, ба даст овард. Пас аз шумориши пешакии 75 % протоколҳо, сотсиалистҳо соҳиби 21,93 % райъ мебошанд. То рӯзи интихобот сиёсатшиносон тахмин мекарданд, ки ин ҳизб ҳамагӣ 13 то 15 дарсади овозҳоро соҳиб мешавад. Дар мақоми дуввум, ҳизби либерал-демократии Малдова (ҲЛДМ), ки сарвариашро Влад Филат, собиқ сарвазир ба зимма дорад, ҷо гирифтааст. Ҳизби коммунистҳо (роҳбараш Владимир Воронин, собиқ президенти ҶМ) 18,12 % овоз гирифтааст. Ҳизби демократӣ, таҳти сарварии Мариан Лупу, собиқ раиси парлумон 16,03 ва партияи либералҳо (ПЛМ) 8,85 % овози интихобкунандагонро касб кардаанд.

Натиҷаи қаблии интихобот барои сотсиалистҳо ҳам ғайричашмдошт аст, зеро дар парлумони пешини Малдова онҳо ҳамагӣ соҳиби се курсӣ буданд. Як далели муҳими дигар ин аст, ки як рӯз қабл аз райъдиҳӣ, ҳизби хостори ҳамкории бештар бо Русия-  "Патрия" аз рӯйхати овоздиҳӣ берун карда шуд. Бино ба иттилои ҷомеъашиносон, ин ҳизб дар интихобот метавонист аз 9 то 13 % райъи мардумро ба даст биёрад.

Лентаи хабарҳо
0