Акнун дар Тоҷикистон роботҳо амнияти ДТМ-ро таъмин мекунанд

© Sputnik / Александр ПирагисРоботи безараргардонанда. Акс аз бойгонӣ
Роботи безараргардонанда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати умури дохилӣ соҳиби се таҷҳизоти вижа барои безараргардонии маводҳои тарканда гардид. Ин фанноварии ҷадид бисёрсоҳа буда, аз масофаи дур ҳам идора мешаванд.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. 28 ноябр Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ДТМ-и ВКД таҷҳизоти безараргардонии минаҳоро тақдим сохт, иттилоъ медиҳад сомонаи ин мақомоти қудратии Тоҷикистон.

Умарзода Икром Ислом, муовини вазири корҳои дохилӣ ва Роберт Бёрҷес, муовини сафири ИМА ба ин муносибат ба қароргоҳи ОМОН дар Душанбе омаданд.

"Аз ҷониби мутахассисони Дастаи таъиноти махсуси милиса тарзи кор бо робот ва истифодаи он мавриди безараргардонии маводи тарканда ба ҳозирин намоиш дода шуд. Дар он роботи идорашаванда маводи таркандаи шартиро дар масофаи муайян бо як маҳорати баланд ошкор намуда, несту нобуд сохт",- мегӯяд сарчашмаи хабар.

Бёрҷес гуфт, роботҳо дар чорчӯби татбиқи Барномаи ҳамкории мубориза бо терроризм ба ВКД тақдим гардида, фаъолияти мақомотро дар лаҳзаи зарурӣ таъмин менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0